Жерар Депардйе, ҳунарпешаи фаронсавӣ, маркази продюсерии худро ба номи "PTS ZhD" дар Русия баст. Дар ин бора дӯсташ, Арно Фрилли, ба хабаргузории расмии ТАСС иттилоъ додааст.
"Ин марказ барои рушди тарҳҳои аудиоӣ созмон ёфта буд. Агар пайваста кор накунад, фоида надорад," - гуфт Фрилли. Вай ҳамзамон ифтитоҳи маркази навро дар оянда сарфи назар накард.
Арно Фрилли таъкид кард, ки тасмим ба буҳрони вобаста ба ҷанги Русия дар Украина пайванд надорад.
Илова бар ин, ҳунарпешаи фаронсавӣ кори филми "Нормандия-Нимен"-ро боздоштааст. Депардйе ният дошт, онро дар вилояти Калининград ҳамчун тарҳи Русия ва Фаронса ба навор бигирад.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ҷониби Фаронса аз ин тарҳ даст кашид. "Мо то ҳол умед дорем, ки онро ба ҳар роҳе амалӣ хоҳем кард," – гуфтааст Фрилли.
Жерар Депардйе соли 2013 шаҳрвандии Русияро гирифт. Вай дар моҳи марти имсол таҷовузи мусаллаҳонаи Русияро ба хоки Украина маҳкум кард ва рафтори президенти Русияро девонагӣ ва ғайри қобили қабул хонд.