Парванда зидди афсари тоҷик барои озод кардани як ҷавон аз хизмати ҳарбӣ

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, зидди як афсари нерӯҳои мусаллаҳи кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин афсар ба гирифтани пул барои озод кардани як ҷавон аз хизмати ҳарбӣ, гумонзад аст.

Ба иттилои Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, афсари Раёсати амалиётии Ситоди генералии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Қутбиддинозода, Қ, дар тирамоҳи соли 2023 бо истифода аз мақоми хизматиаш аз як сокини кишвар бо номи О.Т., барои озод намудани яке аз наздиконаш 61 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Манбаъ меафзояд, ки ин афсар давоми соли 2024 аз ин шахс дар маҷмуъ, 59 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Дар хабари Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи боздошт ё дар озодӣ будани ин афсар, чизе гуфта нашудааст. Аммо ба иттилои манбаъ, нисбат ба Қутбиддинов парванда оғоз гардида, баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Мақомоти мубориза бо фасод борҳо аз боздошти намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ хабар додаанд, ки ба ивази гирифтани пора, ваъдаи аз хидмати ҳарбӣ озод намудани ҷавононро додаанд.