Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал ирсоли дастгоҳи мушакии “Фатҳ 320”-ро ба Русия рад кардааст. Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 9-уми май бо такя ба се манбаъ хабар дод, ки Эрон дар тадорукот барои ирсоли дастгоҳи мушакии “Фатҳ 320” ба Русия аст.
Хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз ду мақоми амниятии ғарбӣ ва як мақоми минтақавӣ гузориш додааст, ирсоли ин силоҳҳо кумаки Теҳрон барои таҷовузи Русия ба Украина аст.
Аммо намояндагии Эрон дар СММ 10-уми май гузоришро “иддаои масхараомез” хонд ва афзуд "хабаргузории Ройтерс ҳамчунон ба нашри иттиҳомҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон давом медиҳад."
"То замоне, ки муноқиша миёни тарафайн идома дошта бошад, Эрон аз ирсоли ҳаргуна кумаки низомӣ ба ҳар яке аз тарафайн худдорӣ мекунад,"-навиштааст хабаргузории давлатии Эрон аз қавли намояндагии ин кишвар дар СММ.
Мушакии баллистикии “Фатҳ 320” бо бурди 120 километр аз навтарин силоҳҳои Эрон аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Русия метавонад аз ин силоҳ барои ҳамла ба неруҳои Украина дар хатти аввали ҷанг истифода кунад.