Истиқболи Доналд Трамп аз гуфтугӯҳои тиҷорӣ бо Чин

Трамп барои молҳои Чин 145 дарсад таърифа ҷорӣ кардааст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯҳои тиҷориро бо Чин "бисёр хуб" ва "созандаву дӯстона" тавсиф кард. Музокироти мақомоти баландпояи Амрико ва Чин бо ҳадафи коҳиши танишҳои тиҷоратӣ рӯзи 10-уми май дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария оғоз шуд.

Дар ин мулоқот Скотт Бессент, вазири молияи Амрико ва Хэ Лифэн, муовини нахуствазири Чин ҳузур доранд.

Аз замони ҷорӣ шудани таърифаҳои ИМА бар молҳои Чин ин аввалин дидори мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.

Доналд Трамп моҳи апрел барои молҳои Чин 145 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Вай сабаби тасмимро ба “беэҳтиромии Чин нисбат ба бозорҳои ҷаҳонӣ” пайванд дод.

Чин дар посух ба тасмими Амрико таърифа ё боҷи гумрукиро барои молу колои воридотӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба 125 дарсад расонд. Пештар он 84 дарсадро ташкил медод.