Сар аз имрӯз, 11-уми апрел, маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон шабона аз байн бурда шуд. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, дар тамоми Тоҷикистон сар аз 11-уми апрел шабона барқ хомӯш намешавад. Сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, давоми як-ду рӯзи оянда ва бо зиёд шудани резиши об дар обанбори “Норак”, маҳдудияти барқ рӯзона ҳам аз байн бурда мешавад.
Маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2024 ҷорӣ шуда буд. Тибқи ҷадвали Шабакаҳои тақсими барқ, сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон бояд аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб, яъне ҳафт соат, бо нерӯи барқ мегирифтанд.
Ҳарчанд бархе сокинон шикоят доштанд, ки ҳамин реҷа ҳам риоя намешавад. Маҳдудияти интиқоли барқ аз тирамоҳи соли гузашта ҷорӣ шуда буд ва бо фаро расидани гармиҳо сокинон мепурсиданд, магар ҳоло ҳам неругоҳҳо аз об пур нашудаанд?