Президенти Русия Владимир Путин ба Украина пешниҳод кард, ки музокироти мустақим миёни ду кишвар азсар гирифта шавад. Ба гуфтаи Путин, музокирот метавонад аз 15-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз шавад. Вале раиси ҷумҳури Русия дар бораи пешниҳоди оташбаси 30-рӯза чизе нагуфт. Кишварҳои ғарбӣ ва Киев хостори оташбаси якмоҳа ҳастанд.
Владимир Путин нимашаби 11-уми май дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни сафари роҳбарони чанд кишвар ба Маскав "ҳалли низоъ дар Украина"-ро баррасӣ кардаанд.
Президенти Русия Киевро ба риоя накардани созиш дар бораи ҳамла накардан ба иншоотҳои энергетикӣ ва оташбаси серӯза муттаҳам кард. Украина баръакс Русияро ба он муттаҳам мекунад, ки бо вуҷуди созиш ба зерсохтҳои энергетикӣ ҳамла кардааст.
Дар ҳоле, ки назари мақомдорони украинӣ ба ин даъво маълум нест, Владимир Путин Украинаро ба тарсондани роҳбарони хориҷие муттаҳам кард, ки барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба ба Маскав омада буданд.
Раиси ҷумҳури Русия гуфт, баррасии масъалаи оташбас дар Истанбул мантиқӣ аст. Охирон гуфтугӯҳои Маскав ва Киев соли 2022 маҳз дар Истанбул баргузор шуда, бидуни натиҷа ба анҷом расида буд.