Расонаҳо: ҳашт коргари афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд

Расонаҳои Афғонистон бо такя ба мақомоти ҳукумати Толибон дар он кишвар хабар доданд, ки ҳашт коргари афғонистонӣ бар асари оташсӯзӣ (таркиш) дар яке аз конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон, ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.

Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати Толибон аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар додааст, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.

Бар пояи ин хабар, панҷ нафар аз ин қурбониён аз ноҳияи Шаҳристон, ду нафар аз ноҳияи Мир Омур ва як нафар аз ноҳияи Уштурлии вилояти Дойкундӣ буданд.

Вебсайти ҳафтаномаи "8 субҳ" бо нашри аксҳои ин ҳашт нафар навишт, ки ҳодиса дар яке аз конҳои ангишти вилояти Суғд рух додааст.

Сафҳаи рӯзноми "Иттилои рӯз" бо нашри аксҳои қурбониён аз онҳо Козим Бейгӣ, Абдуллоҳ Аҳмадӣ, Ҳасан Ализода, Ҳусейн Бахш, Муҳаммад Амир, Алиҷон, Қурбон ва Исмоил Раҳимӣ, ном бурд.

Як манбаъ ба рӯзномаи "Иттилои руз" гуфтааст, ки ҳодиса нимарӯзи ҷумъа, 9-уми май рух додааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳодиса дар як кони ангишсанг дар ноҳияи Айнӣ рух додааст. Манбаъ сабаби таркишро гази даруни кон хондааст.

"Иттилои рӯз" менависад, ки ҷасадҳои ин афрод субҳи шанбеи 10-уми май ба Афғонистон мунтақил шуд ва нимарӯзӣ ба вилояти Кундуз расидааст. Ин манбаъ афзуд, ки коргарони аҳли Афғонистон барои як ширкати паймонкори афғонистонӣ кор мекарданд.

Манбаи "Иттилои рӯз" аз масъулини ин ширкат "Раис Руҳуллоҳ" ва "Тақӣ Дилсӯз" ном бурда ва гуфтааст, ки онҳо бо як зерширкати "Фароз" ҳамкорӣ доранд. На масъулини ширкати паймонкори афғонистонӣ ва на ҳамкорони тоҷикистониашон то лаҳзаи нашри ин хабар, дар ин робита ибрози назар накардаанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ накарданд. Як масъули ин идора 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати рух додани чунин ҳодисаҳо наҷотдиҳандагонро даъват мекунанд. "Ба мо ҳеч кас хабар надодааст,"-гуфт ин манбаъ.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон омада ва ба кор истихдом шудаанд.