Неруҳои интизомии шаҳри Челябински Русия барои санҷиши будубоши қонунии муҳоҷирон рейд гузарондаанд. Мақомот мегӯянд, ба ин рейд маъмурони пулис, кормандони Хадамоти федероли амнияти Русия (ФСБ) ва ҳам Горди миллии Русия ҷалб шудаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин вилоят хабар додааст, ки 8-уми май хобгоҳ ва меҳмонхонаҳои хурд (ҳостел), масҷидҳо ва ҷойи кори хориҷиён дар бозору анборҳои сабзавот дар Челябинскро тафтиш карданд.
Ба иттилои манбаъ, муҳоҷироне, ки қоидаҳои будубош дар кишварро риоя намекунанд, ошкор ва ба ватан ихроҷ мешаванд. Аммо мақомот нагуфтанд, ки чанд ҳолати қонуншиканӣ дар миёни муҳоҷиронро ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар чор моҳи аввали имсол 530 парвандаи ҷиноии марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Русияро барои поймоли ҳуқуқи муҳоҷирон, фароҳам накардани шароити дурусти кору зиндагӣ ва фишору азият танқид мекунанд.