Аксҳои ҳафта аз саросари минтақаҳои таҳти бозтоби Радиои Озодӣ
Сокинони Ҳайдарободи Покистон пас аз эълони оташбас байни Исломобод ва Деҳлӣ.
Оташбозӣ дар Русия ба муносибати Рӯзи Ғалаба.
Владимир Путин ва Си Ҷинпин, президентҳои Русия ва Чин дар паради низомӣ ба муносиби Рӯзи Ғалаба, дар Маскав дар рӯзи 9 май.
Яке аз сокинони минтақаи Константиновкаи Донетск, ки дар ҳамлаи ҳавоии Русия дар рӯзи 7 май сахт осеб дидааст. Имдодгарон талош доранд модари ӯро пайдо кунанд.
Имдодгарон ба як пиразан, ки бар асари ҳамлаи Русия дар минтақаи Суми захмӣ шудааст, кӯмак мерасонанд.
Паноҳҷӯёни афғон пас аз бозгашт аз Покистон дар вилояти Қандаҳор, васоили худро аз мошинҳо поин мекунанд.
Як кӯдак дар ҷараёни тазоҳуроти тарафдори Иттиҳоди Аврупо дар Бухарест, пойтахти Руминия.
Омодагиҳо ба паради низомӣ дар Маскав ба муносибати 80-уми солгарди поёни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ.
Як сарбози украинӣ пас аз бозгашт аз асорат, зимни табодули асирон байни Русия ва Украина дар шашуми май, дасти занеро мебӯсад.
Владимир Зеленский, президенти Украина ҳамроҳи ҳамсараш рӯзи 8 май дар маросими ёдбуди қурбониёни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ., иштирок кард.
Як сарбози украинӣ дар хатти пеши ҷанг дар Днепропетровск.
Куштингирони афғон дар ҷараёни рақобатҳои куштини суннатӣ дар майдоне дар ноҳияи Арғандоби вилояти Қандаҳор бо ҳам рақобат мекунанд.
Аксе, ки аз сӯи хабаргузории расмии вобаста ба ҳусиҳои Яман дар рӯзи шашуми май нашр шуд, як мошини оташнишониро дар ҳоли хомӯш кардани оташ дар Фурудгоҳи байналмилалии Санъо пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил, нишон медиҳад.
Сокинони маҳаллӣ пас аз мушакпаронии Покистон ба Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар рӯзи 9 май.
Донишомӯзон рӯзи ҳафтуми май дар монёври дифои умумӣ, ҳамзамон бо афзоиши танишҳои марзӣ бо Покистон, дар мактабе дар Калкаттаи Ҳинд дар як тамрин иштирок карданд.
Ширкаткунандагон дар ҷараёни як раҳпаймоӣ дар Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи 9 май. Рӯзе, ки Русия солгарди шикаст бар Олмонро дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҷашн мегирад.
Як кабӯтар дар муқобили ҳайкали барҷастаи даврони Шӯравӣ дар Осорхонаи миллии Украина дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, дар ҳоли парвоз аст.
Зане дар берун аз хонааш дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд пас аз ҳамлаи мушакии Покистон.
Як сарбози қирғиз дар паради ҳарбӣ дар Бишкек ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ.