Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 10-уми феврал гуфт, “дар соли 2024 дар кишвар ба 298 бемор ҷарроҳии пайванди узвҳо (аз ҷумла, 199 адад пайванди гурда ва 67 ҷигар) гузаронида шудааст, ки нисбат ба як сол пеш 74 адад зиёд мебошад”.
Ба гуфтаи ӯ, 30 дарсади ин ҷарроҳишудагон шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон, Амрико ва кишварҳои дигаранд ва онҳоро нархи ками ин амалҳо ба Тоҷикистон ҷалб кардааст. Вале вазир нагуфт, ки харҷи ин навъи ҷарроҳиҳо чӣ қадар аст.
Абдуллозода афзуд, ки пизишкони тоҷик ҳоло имкон доранд, ки пайванди дилу ғадуди зери меъда низ анҷом диҳанд: “Имрӯз мутахассисони мо ба шаҳри Тошканди Узбекистон рафта, дар умум 12 ҷарроҳии пайванди ҷигар анҷом додаанд."
Дар Тоҷикистон тарқибан ду даҳаи охир амалиёти пайванди гурдаву ҷигар ва узвҳои дигари инсон анҷом дода мешаванд. Бештар аз комёбии онҳо дар ин самт хабар дода мешавад, ҳарчанд бархе аз корбарон аз нокомиҳо дар чунин амалиёт низ гуфтаанд.