Яке аз калонтарин бозорҳои минтақаи Кӯлоб баъди се моҳ танаффус боз шуд

Бозори Ҳулбук

Беш аз 400 тоҷири бозори «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, баъди қариб се моҳ ба дуконҳои худ баргаштанд. Бозори “Ҳулбук” моҳи феврали имсол бо дастури мақомот муваққатан баста шуда буд ва акнун корашро азсар гирифтааст.

Намояндагони бозор мегӯянд, ки баъд аз ислоҳи камбудиҳо аз ҳукумати маҳаллӣ иҷозати фаъолият дарёфт карданд. Акнун ба тоҷирон иҷозат додаанд, ки рӯзҳои душанбе ва ҷумъа маҳсулоти худро ба фурӯш бароранд.

Муслим, як тоҷири бозори “Ҳулбук” мегӯяд, тоҷирон танҳо дар ин ду рӯз ҳақ доранд ба савдо машғул шаванд.

Намояндагони бозор ба ҳукумати маҳаллӣ тарҳи бозсозии бозорро пешниҳод кардаанд. Бино бар он, мошинҳои боркаш бояд дар дохили бозор ҷойгир карда шаванд. Ин иқдом бо мақсади таъмини тартибот ва бехатарии ҳаракат дар атрофи бозор амалӣ мегардад.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозори Ҳулбукро дар Восеъ дигарбора боз карданд

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ дастур додааст, ки бозор ба шакли доимӣ фаъол гардад, то барои тоҷирону аҳолӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварда шавад.

Шарифзода дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ба мудири бозор пешниҳод кардаааст, ки бозор доимӣ кор кунад, то барои мардум ҷойи кор фароҳам шавад.

Бозори Ҳулбук

«Ҳатто тоҷироне ҳастанд, ки ба ин бозор дар як рӯз рафта наметавонад. Аммо ин шоҳроҳ аст, як нафар як дӯкони хурд мекунад, чиқадар даромад меёбанд. Лоиҳаш дар пеши ман ҳаст,»-афзуд раиси ноҳия, вале аз ин бештар шарҳ надод.

Бозори “Ҳулбук” яке аз калонтарин бозорҳои ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад ва дар миёни мардум бо номи “Ҷумъабозор” машҳур аст. Он дар канори шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ ва роҳи оҳан ҷойгир буда, ҳар ҳафта то 400 тоҷир дар он ба фурӯши мол машғул мешаванд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки нарху наво дар ин бозор нисбат ба дигар бозорҳо дастрастар ва арзонтар аст.

Фурӯшандагон ва масъулони бозор ваъда медиҳанд, ки минбаъд тамоми қоидаҳоро риоя хоҳанд кард, то бозор тавонад пайваста ва бидуни халал фаъолият намояд.

Ин бори аввал нест, ки дарҳои бозори «Ҳулбук» баста ва баъдан боз мешаванд. Соли 2023 ҳам ин бозор барои як моҳ баста буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сабаби бастани “Ҷумъабозор” дар минтақаи Кӯлобро шарҳ додандШаҳрдори Восеъ гуфт, ки чаро бозори Ҳулбукро бастанд