Як зан аз шаҳри Турсунзода порае аз ҷигарашро ба домоди хонавода тақдим намуда, ӯро аз марг наҷот додааст. Равшан Каримов, сокини 48-солаи шаҳри Турсунзодаро се ҳафта пеш бо ташхиси “сирози ҷигар” ба Беморхонаи “Истиқлол” овардаанд.
Додситонӣ дар вилояти Суғд дастикам панҷ масъули идораи барқро бо иттиҳоми азхуд кардани маблағи истифодаи барқ боздошт кардааст. Ба иттилои мақомот, ин афрод ба рӯйпӯш кардани истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва гирифтани ҳудуди 8 миллион сомонӣ аз сокинону соҳибкорон гумонзад ҳастанд.
Таҷлил аз 80-солагии пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсҳо бар сари мероси ин пирӯзӣ меафзояд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот ба назди ҳамсояҳои Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе рафта, аз онҳо дар бораи ин мақомдори собиқ пурсидаанд. Абдуллозода 2-юми май ба дунболи барканориаш боздошт шуда буд.
Гузориши нави Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ки як идораи вобаста ба СММ мебошад, мегӯяд, соли 2024 аз хориҷа ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар маблағ (ё 45% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар) ирсол шудааст. Пулҳои интиқолӣ 27% бештар назар ба соле аз он пеш мебошад.
Парвозҳои миёни Душанбе ва Маскав баъди таъхири якрӯза барқарор шуданд. Дар ин бора матбуоти Русия ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 8 май бо такя ба маъмурияти фурудгоҳҳои Маскав ва Душанбе хабар доданд.
Ёфтҳои бештар