Дар чанд ҷумла
Ду мансабдори баландпояи ҳукумати Ёвонро боздошт кардаанд

Ду мансабдори баландпояи ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар "хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзил" боздошт шудаанд.
Қарори боздошти Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, раиси Идораи замини ноҳия пас аз санҷиши Додситонии вилояти Хатлон содир шудааст.
Назари пайвандони боздоштшудаҳо маълум нест ва гуноҳи онҳо ҳанӯз исбот нашудааст.
Ду ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати Ёвон рӯзи 23-юми ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани ин ду мақомдорро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, қабл аз ин, як ҳайат аз мақомоти додситонӣ дар вилояти Хатлон ба тафтиши қонунгузорӣ дар робита ба тақсиму ҳуҷатгузории замин ба ҳукумати Ёвон омада буданд.
"Дар маҷлиси охири ҳукумати ноҳия эълон карданд, ки Аскар Набизода бинобар талаботи ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия) аз вазифаи муовини раиси ноҳия сабукдӯш карда шуд. Хайриддин Саидмуродзода низ дар маҷлисҳо ҳузур надорад, чун гуфта мешавад, ӯ дар рухсатии меҳнатист", ‑‑ афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, Аскар Набизода ва Хайриддин Саидмурозода тақрибан ду ҳафта пеш боздошт шудаанд.
Дар Додситонии вилояти Хатлон аз ифшои ҷузъиёти боздошти ин ду мансабдор ба далели халал ворид нашудан ба тафтишот худдорӣ варзиданд.
Боздошти ин ду мансабдори ноҳияи Ёвон дар ҳолест, ки солҳои охир ҳодисаҳои ришватхорӣ ҳангоми тақсими замин ва хилофкориҳо дар ин замина афзоиш ёфтаанд.
Президенти Тоҷикистон ду сол қабл дар як суханронӣ аз афзоиши ҳолатҳои заминфурӯшии мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ин мушкил ба "як дарди бедаво" табдил шудааст. Ба назар мерасад, ин таъкид таъсир надошт, ки шумори парвандаҳои заминфурӯшӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш аст.
Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, тамаъҷӯии мансабдорон зиёдтар аз ҳама ҳангоми тақсими замин барои бунёди хона ва замин барои кишоварзӣ рух медиҳад.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OCED) ҳам дар гузориши охирини худ дар робита ба муборизаи зидди коррупсия дар Тоҷикистон менависад, "хавфи аз ҳама зиёди ришватхорӣ дар ҷараёни тақсими порчаҳои замин вуҷуд дорад".
Кумитаи давлатии замин мегӯяд, дар давоми 28 соли истиқлол бо қарорҳои ҳукумат ҳудуди 130 ҳазор гектар заминро барои бунёди манзил ба як миллиону 400 ҳазор оила тақсим кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Жерар Депардйе дар хушунати ҷинсӣ айбдор дониста шуд

Додгоҳе дар Фаронса ҳунарпешаи маъруфи синамо Жерар Депардйеро бар асоси иттиҳоми хушунати ҷинсӣ нисбати ду зан ба 18 моҳи ҳабси шартӣ маҳкум намуд. Додситонҳо талаб карданд, ки ҳунарпешаи 76-сола ба якуним соли ҳабси шартӣ ва 20 ҳазор евро ҷарима маҳкум шавад.
Ҷабрдидаҳо ду нафар буда, яке рассоми таҳиягари 54 ва дигаре ёвари коргардони 34-сола мебошанд.
Онҳо соли 2021 ҳамроҳ бо Депардйе дар таҳияи филми «Пардаҳои сабз» кор кардаанд. Занҳо дар шикояти додгоҳӣ гуфтанд, ки Депардйе ба узвҳои маҳрами онҳо даст мезад.
Масалан, рассоми таҳиягар гуфт, ки дар як маврид ҳунарпеша ӯро дар долон ба девор байни пояш пахш карда, ба миён, сина ва ҷойҳои маҳрамаш даст зад ва пешниҳоди қабеҳе кард. Ин зан гуфт, ки танҳо баъди дахолати нафари дигаре Депардйе ӯро раҳо намуд.
Худи ҳунарпеша иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки фақат аз занро даст расидааст, вале ин озори ҷинсӣ набуд.
Дар солҳои охир дар маҷмӯъ тахминан 20 зан дар бораи рафтори ғайриахлоқии Депардйе хабар додаанд, вале ин аввалин парвандае аст, ки то ба додгоҳ рафтааст.
Тафтиш Русияро масъули суқути ҳавопаймои Малайзия дар соли 2014 донист

Шӯрои созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар паи таҳқиқи муфассал Русияро масъули фоҷеаи ҳавопаймои MH17-и ширкати ҳавоии Малайзия дар соли 2014 дар фазои Донбасс номид. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Нидерландия хабар додааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки шӯро ба хулосае омадааст, ки Русия бандҳои Эъломия оид ба авиатсияи гражданиро, ки бо номи Эъломияи Чикаго ҳам маъруф аст, вайрон кардааст.
Дар сомонаи расмии ҳукумати Нидерландия навишта шудааст, ки «Шӯро инчунин масъалаи пардохти ҷубронпулиро баррасӣ мекунад ва умедвор аст, ки Русия бо Нидерландия ва Австралия вориди гуфтушунид мешавад. Мо ба дастгирии Шӯро дар ин масъала бисёр умедвор ҳастем».
Аз ин пеш ВКХ Русия дар бораи хатми иштирокаш дар таҳқиқи фоҷеаи ҳавопаймо дар Шӯрои созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод. Айни замон, Русия гуфт, ки омода аст дар чаҳорчӯби эъломияи марбутаи Шӯрои амнияти СММ дар таҳқиқи сабабаҳои фоҷеа иштирок кунад.
Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Малайзия, ки аз Амстердам ба Куала Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июли соли 2014 дар фазои вилояти Донетск суқут дода шуд. Таҳқиқи байналмилалӣ маълум кард, ки ин ҳавопаймо бо мушакандози маҷмаи «Бук» ба замин зада шудааст. Дар ин фоҷеа 298 нафар ҷон дод.
17 ноябри соли 2022 додгоҳе дар Гаага се нафарро дар анҷоми ин ҳамла - Игоря Гиркин (Стрелков), Сергей Дубинский ва Леонид Харченкоро гунаҳгор эълон кард. Тафтишот маълум кард, ки ин нафарон бо мақсади ба замин задани ҳавопаймо "Бук"-ро ба маҳалли ҳамла интиқол додаанд. Маскав то ҳол масъулияти суқути ҳавопайморо ба дӯш намегирад ва мегӯяд, ки ба натиҷаҳои тафтишоти байналмилалӣ эътимод надорад. Дар навбати худ Русия Украинаро гунаҳгор карда, вале ҳеҷ гоҳ далели иттиҳомашро пеш наовардааст.
Уиткофф гуфт, Трамп тақозо кард, ки Зеленский ва Путин мулоқоти рӯбарӯ барпо кунанд

Президенти ИМА Доналд Трамп аз Москву Киев талаб кардааст, ки музокироти мустақим барпо кунанд. Дар бораи ултиматум ё шартгузории Трамп ба ин ду кишвари дар ҳоли ҷанг дар мусоҳиба бо Breitbart News фиристодаи вижаи Трамп - Стив Уиткофф хабар додааст.
Уиткофф дар бораи Трамп гуфт, «аз назари ӯ, агар ин музокира барпо нашавад ва ҳам дар зудтарин фурсат барпо нашавад, ИМА бояд аз ин ҷараён хориҷ гардад ва муҳим нест, ки ин чӣ маъноҳое хоҳад дошт ва дигар дахил нахоҳад буд». Ӯ афзуд, «Мо омода ҳастем миёнҷӣ бошем. Ин ҷанги мо нест. Мо ин ҷангро шурӯъ накардаем. Вале мо мехоҳем, ки барои хатми он мусоидат кунем», гуфт фиристодаи Трамп.
Уикофф инчунин гуфт, ки ҷанг дар Украина «бемаънӣ» аст ва «набояд шурӯъ мешуд». Ӯ инчунин гуфт, ки мулоқоти президентони Русия ва Украина метавонад дар фурсати наздик барпо шавад.
Ин мусоҳиба ҳафтаи гузашта сабт шудааст. Дирӯз президенти Русия Владимир Путин аз Украина талаб кард, ки дар Истамбул мулоқоти мустақим барпо шавад ва Зеленский ҳам ваъда дод, ки шахсан омада бо Путин мулоқот мекунад.
Трамп баъди ин гуфт, ки метавонад дар ин мулоқот иштирок кунад. Кремл ҳанӯз дар бораи иштироки шахсан Путин иттилое надодааст.
Шурӯи сафари Трамп ба Арабистони Саудӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп субҳи 13 май ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ расид ва ин сафари дуюми хориҷии ӯ дар давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш мебошад. Сафари аввалинаш ширкат дар маросими дафни попи Рум дар Ватикан дар моҳи апрел буд. Дар ин сафар ӯ бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон вохӯрда дар як ҳамоиши сармоягузорӣ иштирок хоҳад кард. Интизор меравад, ки рӯзи чоршанбе ӯ ба Қатар меравад ва панҷшанбе ӯро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ интизор мебошанд.
Reuters менависад, ки мавзӯи марказии гуфтугӯҳо дар ин сафар на ҷанг дар Ғазза ё барномаи ҳастаии Эрон, балки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мешавад.
Бо ин мақсад ба Арабистони Саудӣ соҳибкорони бонуфуз, аз ҷумла, раҳбарони ширкатҳои Blackrock ва Blackstone рафтаанд. Сарватмандтарин шахси сайёра Илон Маск, ки дар маъмурияти президент Трамп вазифаи расмӣ дорад, дар ин ҳамоиш иштирок хоҳад кард.
Дирӯз Трамп ногаҳон гуфт, ки мумкин аст дар ҷараёни сафар ба минтақа дар нақшааш тағйироте ворид кунад ва рӯзи панҷшанбе ба Туркия биравад. Ӯ гуфт, ин сафар дар сурате метавонад барпо шавад, ки он ҷо музокироти мустақими миёни президентони Украина ва Русия барои дастёбӣ ба сулҳ баргузор шавад.
Ташкили чунин мулоқотро президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳод кард. Аз ин пеш Путин бидуни мушаххас гуфтани ҳайати намояндагон пешниҳоди барпо кардани мулоқоти мустақимро ба забон овард.
Трамп гуфт, ки агар мулоқот барои дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбат умедворкунанда бошад, ӯ ҳам метавонист ба Туркия биравад. То ҳол сафари Путин ва ҳамчунин худи Трамп ба Истамбул тасдиқ нашудааст.
Reuters таъкид мекунад, ки эҳтимолан дар музокираҳои Арабистони Саудӣ мавзӯи оддӣ шудани робитаҳои миёни ин кишвар ва Исроил баррасӣ намешавад. Манбаъҳои оҷонсӣ инро бо мавзеъгирии қотеи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу дар робита бо мавзӯи ҳукумати Фаластин ва дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза рабт медиҳанд. Риёз ишора кардааст, ки омода аст бо Исроил робита барпо кунад, вале на дар пасманзари амалиёти ҷангии идомаёбанда дар Ғазза.
Дар Русия мехоҳанд барои хабар дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷоиза дода шавад

Дар Русия мехоҳанд, барои онҳое, ки аз қонуншиканиҳои муҳоҷирон ваё муҳоҷирони ғайриқонунӣ хабар медиҳанд, мукофотпулӣ дода шавад.
Пешниҳод дар ин заминаро вакилони ҳизби «Одамони нав» ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ирсол кардаанд. Муаллифони ташаббус тавзеҳ доданд, ки сухан оиди маълумот дар бораи афроде меравад, ки барои будубоши қонунӣ дар Русия бояд сабти ном ва иҷозатномаи корӣ ё худ патент надошта бошанд.
Вакилон ҳамчунин пешниҳод карданд, ки дар сурати қабули қарор дар бораи ихроҷи маъмурии муҳоҷирон ҷарима то 100 ҳазор рубл таъйин гардад. Феълан маблағи ҷарима аз 2 то 7 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Вакилон мегӯянд, нисфи даромад аз ҷаримаи 100 ҳазор рубл ва мусодираи амвол бояд ба шаҳрванде дода шавад, ки муроҷиаташ ба вазорати корҳои дохилӣ барои боздошт ва ихроҷи муҳоҷири ғайриқонунӣ асос шудааст.
Ба бовари вакилон, мавҷудияти мукофотҳои моддӣ барои шаҳрвандон ангезае хоҳад шуд, ки дар бораи ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона хабар диҳанд. Танҳо дар соли гузашта аз Русия зиёда аз 174 ҳазор муҳоҷир ихроҷ карда шудааст, ки дар даҳ соли охир бесобиқа дониста мешавад.
"Сарбозонро маҷбур кард дастҳо ба пушт ва сар ба замин муддати тӯлонӣ биистанд"
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вазири ҳолатҳои фавқулодда Бобек Аҷибековро танбеҳи сахт дод. Рӯзи 11-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он яке аз афсарони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар қисми низомӣ наваскаронро таҳқир ва бо онҳо бадрафторӣ мекунад.
Дар навор дида мешавад, ки афсар сарбозонро дашном дода, онҳоро маҷбур мекунад, ки чорпо истода, дастҳоро дар пушт ва сарашонро ба замин гузоранд. Тавре маълум шуд, ин ҳодиса ҳанӯз дар моҳи феврал рух додааст, аммо вазорати ҳолатҳои изтирорӣ танҳо як рӯз пеш, вақте навор дар интернет нашр шуд, дар ин бора изҳори назар кард.
Вазир бо сарбозон ва волидони онҳо вохӯрд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот тафтишотро анҷом додаанд ва афсароне, ки аз мақом сӯиистифода кардаву дар таҳқири сарбозон ширкат намуданд, аз мақом барканор шудаанд. Додситонии низомии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Мақомоти назоратӣ хабар доданд, ки парвандаро муфаттишони гарнизони Бишкек баррасӣ мекунанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки барои таҳқиқи пурраи ҳодиса, низомиёне, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, ба додситонии ҳарбӣ бурда шудаанд.
Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон ҳам мушкили куҳна аст. Соли гузашта чанд сарбози собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расиданд.
Парванда зидди афсари тоҷик барои озод кардани як ҷавон аз хизмати ҳарбӣ

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, зидди як афсари нерӯҳои мусаллаҳи кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин афсар ба гирифтани пул барои озод кардани як ҷавон аз хизмати ҳарбӣ, гумонзад аст.
Ба иттилои Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, афсари Раёсати амалиётии Ситоди генералии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Қутбиддинозода, Қ, дар тирамоҳи соли 2023 бо истифода аз мақоми хизматиаш аз як сокини кишвар бо номи О.Т., барои озод намудани яке аз наздиконаш 61 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Манбаъ меафзояд, ки ин афсар давоми соли 2024 аз ин шахс дар маҷмуъ, 59 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Дар хабари Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи боздошт ё дар озодӣ будани ин афсар, чизе гуфта нашудааст. Аммо ба иттилои манбаъ, нисбат ба Қутбиддинов парванда оғоз гардида, баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шудааст.
Мақомоти мубориза бо фасод борҳо аз боздошти намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ хабар додаанд, ки ба ивази гирифтани пора, ваъдаи аз хидмати ҳарбӣ озод намудани ҷавононро додаанд.
Ҳизби коргарони Курдистон, ки зидди Туркия мубориза бурдааст, барҳам мехӯрад

Ҳизби коргарони Курдистон (ба англисӣ - PKK), ки давоми чандин даҳсола бо ҳадафи таъсиси давлати мустақил зидди Туркия муборизаи мусаллаҳона бурдааст, рӯзи 12 май дар бораи пош хӯрдани ин созмон ва халъи силоҳ хабар дод. Дар ин бора хабаргузории наздик ба ин гурӯҳ First иттило додааст.
Аз ин пеш Абдулло Оҷалон, раҳбари PKK, ки онро Туркия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, аз дохили зиндон аз тарафдоронаш даъват намуд, ки пароканда шаванд. Оҷалон баъди ҳабсаш дар соли 1999 дар як зиндони канори Истамбул ҳабси якумриро пуштисар мекунад. PKK дар посух ба даъвати Оҷалон дар шимоли Ироқ анҷумане барпо ва аз ин даъвати пешвояш ҷонибдорӣ намуд. Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, ки “PKK рисолати таърихии худро ба анҷом расонид” ва акнун масоили курдҳо аз роҳи демократӣ ҳал шуда метавонад.
Намояндаи ҳизби ҳокими Туркия Умар Челик қарори рӯзи душанберо “иқдоми муҳим барои Туркияи озод аз терроризм” номид. Туркия интизори чунин қарор буд. Хабаргузориҳо менависанд, ки президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда додааст, ки барои рушди минтқаҳои ҷанубу шарқи Туркия маблағҳои иловагӣ мефиристад. Дар ин минтақаҳо асосан курдтаборҳо зиндагӣ мекунанд.
Ҳизби коргарони Курдистон аз соли 1984 зидди ҳукумати Туркия мубориза бурдааст. Туркия, ки дар навбати худ дар мубориза бо ҷудоиталабон дар хоки кишварҳои ҳамсоя ҳам амалиёт барпо мекард, бо ин баҳонаҳо солҳои охир қаламравҳоеро дар шимоли Сурия ишғол намуд.
Музокироти навбатии ИМА ва Эрон барпо шуд

Дар пойтахти Уммон шаҳри Масқат рӯзи якшанбе даври чоруми музокироти миёни ИМА ва Эрон оид ба барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд. Музокираҳо аз моҳи апрел шурӯъ шудаанд ва расман музокираҳои ғайримустақим ном доранд, чун миёни Эрон ва ИМА муносибатҳои дипломатӣ вуҷуд надорад. Уммон ба унвони кишвари миёнҷӣ дар ин музокирот иштирок мекунад. Рӯзи якшанбе, ба гуфтаи як намояндаи ҳайати амрикоӣ, ки номаш нашр нашуд, қисме аз гуфтугӯҳо ба таври мустақим ҷараён гирифт.
Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бахши охирини музокираҳоро “ҷиддитар” ва “дорои ҷузъиёти бештар” назар ба гуфтугӯҳои пешин номид. Ӯ гуфт, музокираҳо пешрафт мекунанд ва идома хоҳанд ёфт, ҳарчанд феълан санаи музокираҳои баъдӣ маълум нест. Дар ИМА даври гузаштаи музокираҳоро “умедворкунанда” номиданд.
Бино ба изҳороти ширкатдорони музокираҳо, мавзӯи ураниуми ғанишуда ҳамоно барои дастёбӣ ба созиш як монеае мебошад. Арақчӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки Эрон мизони ғанисозии ураниумро метавонад поён бард, вале аз ин кораш пурра даст нахоҳад кашид. Аз ин пеш фиристодаи вижаи ИМА Стивен Уиткофф гуфт, ки барои ИМА дасткашии Эрон аз ғанисозӣ як талаби бисёр муҳим ва калидӣ мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Уммон Бадр ал-Бусаъидӣ гуфт, ки ҳарду тарафи гуфтугӯ дар ҷараёни муколамаҳо фикрҳои “муфид ва нобе” ба хотири дастёбӣ ба созиш баён карданд.
Президент Доналд Трамп мегӯяд, мақсади ИМА ин аст, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст наёбад. Вашингтон талаб дорад, ки барномаи ҳастаии Эрон баста шавад. Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаиаш барои эҷоди силоҳи ҳастаӣ равона нашудааст. Трамп ба раҳбарияти Эрон пешниҳоди созише кардааст, ки ҷузъиёти он фош намешавад, вале дар Теҳрон пайваста такрор мекунанд, ки ҳама гуна созиш бояд аз байн бурдани таҳримҳои Эронро дар назар бигирад. Трамп гуфт, ки дар сурати адами дастаёбӣ ба созиш, ИМА истифодаи тадбирҳои низомӣ алайҳи Эронро истисно намедонад.
Полша консулгарии Русия дар Краковро мебандад

Мақомот дар Полша ё Лаҳистон ризоияти худро барои кори консулгарии Русия дар шаҳри Краков бекор мекунанд. Ба қавли вазири корҳои хориҷии Полша Радослав Сикорский, чунин қарор баъди он қабул шуд, ки собит шуд таркишеро дар як маркази тиҷоратии воқеъ дар шаҳри Варшава соли гузашта сохторҳои махсуси Русия ташкил карда буданд. Маълум нест кори консулгарӣ кай ба охир мерасад.
Рӯзи 11 май мақомоти Полша сохторҳои вижаи Русияро дар оташ задани маркази тиҷоратии Marywilska 44 дар шаҳри Варшава дар моҳи маи соли 2024 гунаҳгор карданд. Дар ин бора раҳбарони вазорати корҳои дохилӣ, адлия ва додситони кулли ин кишвар изҳорот дода гуфтанд, ки “сӯхтор дар натиҷаи махсус оташ задани бино бо фармоиши сохторҳои вижаи Русия рух дод”. Чунин хулоса, ба гуфтаи онҳо, дар паи таҳқиқи мӯшикофонае ба даст омадааст, ки дар он инчунин хадамоти вижаи Литва ҳам иштирок карданд.
Нахуствазири Полша Доналд Туск дар Х навишт: “Қисме аз ҷинояткорон дастгир шудаанд, дигарҳо шиносоӣ ва мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Мо ҳамаи шуморо пайдо мекунем!”.
Сӯхторе, ки шаби 12 май рух дод, якуним ҳазор ғурфаи ҷойгиршуда дар масоҳати 60 ҳазор метри мураббаъро нобуд кард. Мутахассисон аз оғоз гуфтанд, ки эҳтимолан ин ҳодиса сӯхтори махсус ташкилшуда аст, чунки алангаи оташ дар фурсати кӯтоҳ дар тамоми маркази тиҷоратӣ паҳн шуд.
Мақомот дар Русия ҳанӯз хулосаҳои сохторҳои тафтишотии Полша ва ҳам қарори бастани консулгарии Русия дар Краковро шарҳ надодаанд.
"Толибон" бозии шатранҷро манъ карданд

Ҳукумати "Толибон" баргузории бозии шатранҷро дар Афғонистон муваққатан манъ кардааст.
Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, сухангӯи идораи варзиши "Толибон" 11-уми май далели ин иқдомро "мушкилот дар сатҳи роҳбарии Федератсияи шатранҷ ва мулоҳизоти шаръӣ" дар бораи ин намуд варзиш унвон кард.
Ин мақомдори "Толибон" гуфт, ки "пас аз баррасиҳои шаръӣ дар хусуси бозии шатранҷ ва ҳалли нофаҳмиҳо дар сатҳи роҳбарии Федератсияи шатранҷ", дар бораи иҷозат додан ё надодан ба ин намуд бозӣ тасмим гирифта мешавад.
Гуруҳи “Толибон” аз замони бозгашт ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021, маҳдудиятҳои зиёде дар варзиш ҷорӣ кардаанд. Азҷумла ширкати занон ва духтарон дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ шуд.
“Толибон” ҳамчунин муҳорибаҳои омехта ва бадансозӣ (бодибилдинг)-ро ҳам мамнуъ карданд.
Рейди низомиёни Русия алайҳи муҳоҷирон дар Челябинск

Неруҳои интизомии шаҳри Челябински Русия барои санҷиши будубоши қонунии муҳоҷирон рейд гузарондаанд. Мақомот мегӯянд, ба ин рейд маъмурони пулис, кормандони Хадамоти федероли амнияти Русия (ФСБ) ва ҳам Горди миллии Русия ҷалб шудаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин вилоят хабар додааст, ки 8-уми май хобгоҳ ва меҳмонхонаҳои хурд (ҳостел), масҷидҳо ва ҷойи кори хориҷиён дар бозору анборҳои сабзавот дар Челябинскро тафтиш карданд.
Ба иттилои манбаъ, муҳоҷироне, ки қоидаҳои будубош дар кишварро риоя намекунанд, ошкор ва ба ватан ихроҷ мешаванд. Аммо мақомот нагуфтанд, ки чанд ҳолати қонуншиканӣ дар миёни муҳоҷиронро ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар чор моҳи аввали имсол 530 парвандаи ҷиноии марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Русияро барои поймоли ҳуқуқи муҳоҷирон, фароҳам накардани шароити дурусти кору зиндагӣ ва фишору азият танқид мекунанд.
Артиши Русия бо 108 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст

Бо поёни оташбаси серӯза, артиши Русия ба чанд минтақаи Украина ҳамла кардааст.
Неруҳои ҳавоии Украина субҳи 11-уми май эълон кард, ки неруҳои русӣ шаби гузашта ба сӯи шаҳр ва вилояти Киев 108 бесарнишин партоб карданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, 60 паҳпод дар ҳаво нобуд шуда, боқимондаҳо низ хисороти ҷиддие дар пай надоштанд.
Фармондеҳии неруҳои ҳавоии Украина танҳо аз захмӣ шудани ду нафар дар вилоятҳои Киев ва Суми хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол волии вилояти Белгороди Русия ҳам аз ҳамлаи паҳподҳои украинӣ хабар додааст. Вячеслав Гладков гуфтааст, дар ин ҳамлаҳо як нафар маҷруҳ шудааст ва ӯро бистарӣ карданд.
Владимир Путин, президенти Русия, дар пайванд ба иди ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон оташбаси серӯза эълон карда буд. Ин оташбас аз соати 12-и шаби 8-уми май то 11-уми май таъин шуда буд. Украина гуфт, ин оташбас риоя нашудааст.
Кишварҳои ғарбӣ ва Киев хостори оташбаси 30-рӯза ҳастанд.
Истиқболи Доналд Трамп аз гуфтугӯҳои тиҷорӣ бо Чин

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯҳои тиҷориро бо Чин "бисёр хуб" ва "созандаву дӯстона" тавсиф кард. Музокироти мақомоти баландпояи Амрико ва Чин бо ҳадафи коҳиши танишҳои тиҷоратӣ рӯзи 10-уми май дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария оғоз шуд.
Дар ин мулоқот Скотт Бессент, вазири молияи Амрико ва Хэ Лифэн, муовини нахуствазири Чин ҳузур доранд.
Аз замони ҷорӣ шудани таърифаҳои ИМА бар молҳои Чин ин аввалин дидори мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.
Доналд Трамп моҳи апрел барои молҳои Чин 145 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Вай сабаби тасмимро ба “беэҳтиромии Чин нисбат ба бозорҳои ҷаҳонӣ” пайванд дод.
Чин дар посух ба тасмими Амрико таърифа ё боҷи гумрукиро барои молу колои воридотӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба 125 дарсад расонд. Пештар он 84 дарсадро ташкил медод.
"Худ ва ду фарзандашро ба дарё мепартофт." Қасди худкушии як зан дар Душанбе

Пулиси Душанбе мегӯяд, аз худкушии як зан бо ду фарзанди хурдсолаш пешгирӣ кардаанд.
Ба иттилои расмӣ, ин зани 38-сола мехост худ ва ду фарзандашро ба дарёи Душанбе партояд. Ҳодиса шомгоҳи 10-уми май рух додааст.
Мақомот бидуни шарҳи зиёд навиштаанд, як корманди пулис ва ду сокин, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса буданд, зан ва фарзандонашро аз ҳалокат раҳонданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин зан бо чӣ далел хостааст, худ ва фарзандонашро нобуд кунад. Мақомот мегӯянд, зан зери назорати пизишкон буда, “сабаби ҳодиса ва ҳолати рӯҳиву равонии номбурда муайян карда хоҳад шуд.”
Ин бори аввал нест, ки занон дар Тоҷикистон худ ва фарзандонашро ба дарё мепартоянд. Айни ин ҳодиса қаблан дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон саб шудааст.
Равоншиносон хушунати хонаводагиро як сабаби даст ба худкушӣ задани занон медонанд.