Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои ҷавон, ки 12-уми май дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка шурӯъ шуд ва то рӯзи 24-уми май идома меёбад, иштирок доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC), дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон 232 муштзан аз 23 кишвар ширкат меварзад.

Мусобиқот дар Коломбо мувофиқи синну соли варзишгарон дар ду гурӯҳ ҷараён дорад: миёни наврасони то 18-сола ва байни ҷавонони то 22-сола.

Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасону ҷавонон дар Шри-Ланка чунин аст:

гурӯҳи муштзанҳои то 18- сола: Фариноз Абдуллоева (54 кг), Мино Аъзамзод (60 кг), Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (70 кг), Билолҷон Иксанов (54 кг), Зоир Ҳоҷибеков (60 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Алишерхудо Холов (71 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг), Рустам Мамадпаноев (86 кг);

гурӯҳи муштзанҳои то 22 сола: Фариза Ёқубова (52 кг), Ҳангома Исоева (60 кг), Дилноза Нуримова (63 кг), Муинхӯҷа Муъминов (48 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (67 кг), Муродҷон Ашуралиев (71 кг).

Рақобатҳои пешакии мусобиқот аз 12-ум то 18-уми май баргузор мешаванд, 19-уми май барои иштироккунандагон рӯзи истироҳат аст. Нерусанҷиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 20-ум ва 21-уми май, рақобатҳои ниҳоӣ 22-юм ва 23-юми май барпо мегарданд.

XS
SM
MD
LG