Парванда алайҳи фарзандони маҳкумшудаҳои қазияи "табаддулот"

Дар акс: Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода

Тибқи иттилои як манбаъ дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе, алайҳи Комрон Комилзода - писари Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шукрона Атоева - духтар Абдулфайз Атоӣ бар асоси шикояти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволӣ давлатӣ парванда боз шудааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволӣ давлатӣ ба додгоҳ шикоят кардааст, ки Комрон Комилзода ва Шукрона Атоева моликияти падаронашонро, ки бо қарори Додгоҳи олӣ ба фоидаи давлат мусодира шудааст, холӣ намекунанд ва худсарона аз они худ кардаанд. Ҷаласаи якуми додгоҳ рӯзи 8-уми май баргузор шуда муҳокимаи баъдӣ ба 15-уми май таъин шудааст. Интизор меравад додгоҳ рӯзи панҷшанбе тасмимашро эълон кунад.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Абдулфайз Атоӣ, дар гузашта сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ буд. Онҳо дар доираи парвандаи пурсарусадои маъруф ба “табаддулоти давлатӣ” ва “хиёнат ба давлат” яке ба 19 ва дигаре ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ моликияти онҳоро ба фоиди давлат мусодира кард. Аммо фарзандонашон мегӯянд, хонаҳое, ки зиндагӣ мекунанд, моликияти падаронашон нест, ки бояд мусодира шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба зидди фарзандони сиёсатмадорони зиндонӣ парванда боз кардаанд

Ҳарчанд фарзандони ин чеҳраҳо бо далелҳои амниятӣ аз ҳамкорӣ бо расонаҳо худдорӣ мекунанд, аммо манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Комрон Комилзода хонаеро, ки дар он бо зану фарзандонаш ва ҳамсари падарашу фарзандаш зиндагӣ мекунад, аз модари марҳумаш мерос гирифтааст. Тибқи иттилои манбаи Радиои Озодӣ дар додгоҳ, фарзанди Атоӣ ҳам гуфтааст, ки ин хонаро барои ӯ падараш нахаридааст, балки худи ӯ солҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои бонуфуз кор карда, онро бо пули худ харидааст.

Ин афрод дар додгоҳ гуфтаанд, чун дигар сарпаноҳе барои зиндагӣ надоранд, баъди ҳукми Додгоҳи олӣ барои ҳифзи хонаҳо ва бозбинии қарори мусодира ба додгоҳ муроҷиат кардаанд ва мунтазири баррасии додгоҳ мебошанд. Аммо Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ даъво кардааст, ки ин хонаҳо аллакай моликияти давлатанд ва бояд холӣ карда шаванд.

Ҳарчанд дар бораи ҷаласаи аввали додгоҳ ҷузъиёти зиёде дастрас нест, аммо ба иттилои Радиои Озодӣ, додрас Ҳамидзода дар ин мурофиа дар бораи шеваи харидану чӣ гуна мерос гирифтану чанд нафар дар ин хонаҳо зиндагӣ кардану санаду ҳуҷҷатҳои хонаҳоро пурсидааст.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ алайҳи наздикони яке дигар аз ин чеҳраҳо бар пояи иттиҳоми мисли ин парванда боз кардааст. Ҷузъиёти ин қазия феълан дар даст нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зарифиро аз боздоштгоҳ ба зиндон бурдаандҲамрохон Зарифӣ бори дигар аз ҳукм шикоят бурдаастРухшона Ҳакимоваро аз Боздоштгоҳи Душанбе ба зиндони Норак бурдаандМақомот 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро мусодира кардаанд"Аз они онҳо нест". Шикояти наздикони ду чеҳраи шинохта аз мусодираи дороӣ"Гуфтанд, хонаро холӣ кунед." Оғози мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта"Табаддулот": Мусодираи молу мулки маҳкумшудаҳо